Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Сочи раҳсипор мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ баррасии вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои бисёрҷониба дар назар буда, атрофи масоили мушкилоти рӯзмарраи вазъ дар минтақа ва арсаи байнулмилалӣ табодули назар сурат мегирад. Ҳамчунин масъалаи кишвари раисикунанда дар ИДМ соли 2018 низ баррасӣ хоҳад шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои нишаст қабули Изҳороти сарони кишварҳои узви ИДМ оид ба дастгирии ниҳодҳои оила ва арзишҳои анъанавии он, қарор дар бораи эълони соли 2019 ҳамчуни Соли китоб, соли 2020 - Соли 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар санадҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобила миёни кишварҳои узви Иттиҳод пешбинӣ шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки дар шаҳри Сочи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом медиҳад.
Ба гуфтаи ёвари президенти Русия Юрий Ушаков, имрӯз, 10 октябр дидору гуфтушуниди Владимири Путин бо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста