Дар бораи сафари қарибулвуқӯъи сарвари давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон дар мақолаи худ директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Ӯзбекистон Владимир Норов хабар додааст, ки дар саҳифаи расмии Пажӯҳишгоҳ дар Facebook нашр шудааст.
«Аллакай муддати як сол аст, ки дипломатияи Ӯзбекистон бо роҳбарии президент Мирзиёев сиёсати таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ бо ҳамаи кишварҳои ҳамсояро амалӣ месозад, - навиштааст Владимир Норов. - Ин натанҳо дар суръатбахшӣ ва тавсеъаи робитаҳои байнидавлатӣ дар сатҳҳои гуногун, балки ҳамчунин дар рӯҳияи қавии Тошканд ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳои созишҳои оқилона дар ҳалли мухолифатҳои пешина бо ҳамсоякишварҳо низ зоҳир мегардад».
Ба навиштаи ӯ, қобили таваҷҷуҳ аст, ки тайи моҳҳои охир роҳбари Ӯзбекистон аллакай чандин маротиба бо ҳамаи сарони ҳамсоякишварҳо вохӯриҳои расмиву ғайррасмӣ ва корӣ баргузор намуд.
«Аз Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон боздид намуда, баҳри сафар ба Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ барои таъмини манфиатҳои мардуми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамин сиёсатро роҳандозӣ ва идома хоҳад дод», - қайд кардааст Норов.
Қобили зикр аст, ки охири моҳи октябр сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо ба ҳамдигар барқияҳои табрикӣ ирсол карданд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан як манбаи «Азия-Плюс» аз доираҳои ҳукумати ҷумҳурӣ сабаби ба сафари Тоҷикистон шитоб надоштани президенти Ӯзбекистонро шарҳ дода буд. Ба қавли ӯ, «айни замон барои ташкили сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон заминаҳо фароҳам оварда мешаванд».
Ӯ қайд карда буд, ки муддати чандин моҳ комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ ва ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фаъолона машғули кор буда, санаи сафари президенти кишвари ҳамсоя маҳз ба натиҷаи кори онҳо вобаста аст.
«Барои анҷоми сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон омода кардани лоиҳаҳои шартнома ва созишномаҳои байниҳукуматӣ зарур аст, - иброз дошта буд манбаъ. - Ман аз эҳтимол дур намедонам, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари зикршуда Душанбе ва Тошканд дар бораи шарикии стратегӣ шартнома ба имзо мерасонанд. То имрӯз Тоҷикистон бо Русия, Қазоқистон ва Чин чунин шартнома дорад».
Зимнан зикр гардида буд, ки дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, ки ояндаи наздик ҳатман сурат мегирад, ҷонибҳо ният доранд, ки як бастаи бузурги созишномаҳои байнидавлатиро ба тасвиб расонанд ва шумори он нисбат ба натиҷаҳои сафари президенти Ӯзбекистон ба Ашқободу Остона ва Бишкек зиёдтар хоҳад буд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста