Дар остонаи сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов доир гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо рафти омодагиҳо ба сафари расмии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, иқдомҳоро ҷиҳати бобарор ташкил намудани сафари мазкур ҳамоҳанг намуданд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷии ду кишвари дӯсту бародар дар мавриди вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳо дар самтҳои гуногун ва инчунин доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста