Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳим, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина ҷонибҳо аҳамияти Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва фарҳангиро, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, махсус таъкид карданд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста