Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф субҳи имрӯз ба Душанбе омад. Манбаъҳои «Азия-Плюс» аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе доир ба фуруд омадани ҳавопаймо бо намояндаи воломақоми Эрон хабар доданд.
Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз масъалаи шарҳи ҳадафҳои сафари мансабдори воломақоми Эрон ба ҷумҳурӣ худдорӣ меварзад.
Қаблан хабаргузории эронии Fars ҳадафи аслии сафари Муҳаммадҷавод Зарифро ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Тоҷикистон унвон карда, ҳамчунин зикр гардида буд, ки дар ҷараёни сафар вохӯрии ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шудааст, лекин муяссар нагардид, ки тасдиқи ин хабар аз ҳукумат дарёфт шавад.
Дар ин сафар Муҳаммадҷавод Зарифро вазири энергетика ва масъалаҳои захираҳои оби Эрон Ризо Ардакониён ҳамроҳӣ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли равон вазири корҳои хориҷии Эрон аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Туркманистон, Қирғизистон ва ҳамчунин Гурҷистон боздид нмуда, вале ба Тоҷикистон ташриф наовард, ҳарчанд ВАО-и Эрон дар ин бора хабар дода буданд.
Қобили зикр аст, ки охири соли 2015, баъди ба конфронси байнулмилалӣ ба Теҳрон даъват шудани раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ба сардӣ гаравиданд.
Баъди чанде ҳукуматдорони Тоҷикистон воридоти маҳсулоти Эронро маҳдуд, фаъолияти чанде аз ширкатҳои хурду бузургиро эрониро боздошт ва пешниҳоди раводиди имтиёзнок ба шаҳрвандони Эрон дар фурудгоҳи Душанберо қатъ карданд.
Нуқтаи авҷи сардшавии муносибатҳо намоиши филми мустанади аз ҷониби ВКД Тоҷикистон таҳияшуда дар телевизиони Тоҷикистон доир ба маблағгузории Эрон ба куштори пурсарусадоҳо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардид.
Дар навбати худ сафорати Эрон дар Тоҷикистон изҳор намуд, ки намоиши ин филм ба манфиатҳои мардуми кишварҳо ҷавобгӯ набуда, ба муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Эрон ҷудоӣ андохта наметавонад.
Чанде қабл корманди Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Қамар Нурулҳақов Эронро ба таҳмили ақидаи динии худ ва кӯшиши содироти инқлоби исломӣ ба Тоҷикистон муттаҳам кард.
Дар мақолаи худ дар сомонаи расмии ин Марказ таҳти унвони «Шиагароӣ: идеология ва амалияи он» ӯ қайд меунад, ки дар баланд рафтани нақши «омили исломӣ» ва хусусияти глобалӣ касб кардани раванди сиёсисозии ислом дар охири садаи XX ва ибтидои садаи XXI таъсири «Инқилоби исломӣ»-и Эрон хеле калон аст.
Дар қисмати дуюми мақола ӯ менависад, баъд аз ғалабаи «инқилоби исломӣ» роҳбарияти Эрон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод, ки ин инқилобро ба кишварҳои дигари мусулмонӣ интиқол диҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста