Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор доштааст, ки масоили пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) баррасӣ мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, ин мансабдорои баландпояи Русия гуфтааст, кишвараш аз пайвастани Озарбойҷон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё истиқбол хоҳад кард.
«Ин як иттиҳоди бози интегролӣ аст ва аз пайвастани кишварҳои нав ҳамеша истиқбол хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир имконоти пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон баррасӣ мешавад», — гуфтааст ӯ дар дидор бо донишҷӯёни донишгоҳи дипломатии шаҳри Боку.
Гуфта мешавад, бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарии Русия ва Озарбойҷон, Сергей Лавров зикр кардааст, ки "бисёре аз кишварҳои ҷаҳон хостори роҳандозии равобити ҳамкорӣ бо ин иттиҳод ҳастанд".
Вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин қайд кардааст, ки, "кишварҳое дар навбат истодаанд, то дар мавриди минтақаи озоди бозаргонӣ тавофуқ кунанд».
«Иттиҳоди Аврупо аз роҳандозии иртибот бо ИИАО худдорӣ мекунад. Онҳо худро муҷозот мекунанд, мо низ аз ин бурд нахоҳем кард. Набояд барои рақобат бо дигарон бошгоҳҳои пӯшида иҷод кард», - иброз доштааст Лавров.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста