Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аввали моҳи оянда (1-2 феврал) бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Дар назар аст, ки зимни сафари сарвари давлати ҳамсоякишвар ва дидору гуфтушуниди ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкории давлатҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, амният, нақлиёту энергетика, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ дар заминаи қарордодҳои дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ - СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ ва СААД баррасӣ мешаванд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ба масоили анҷоми таъйину аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо, амалисозии лоиҳаи CASA-1000, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Сооронбой Жээнбеков моҳи октябри соли гузашта президенти Қирғизистон интихоб шуда, сафари расмиаш ба Душанбе нахустин сафари расмии роҳбари давлати хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли равон мебошад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста