Зимни нахустин сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки даҳаи аввали моҳи март дар назар аст, имзои беш аз 20 созишномаҳои нави байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ миёни кишварҳо пешбинӣ мешавад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, созишнома дар бораи ҳузури бидуни раводиди шаҳрвандони кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар ба муҳлати то 1 моҳро метавон аз ҷумлаи қарордодҳои муҳим унвон кард. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ низ боз як созишномаи муҳим ба имзо расонида, ба масъалаи қитъаҳои баҳснок дар марзи давлатии ҳарду кишвар хотима мебахшанд.
Дар бораи аз ҷониби Ӯзбекистон додани қарзи имтиёзнок ба маблағи 100 млн. доллар, ки баҳри рушди ҳамкории сохторҳои тиҷоратии кишварҳо нигаронида шудааст, низ санади марбута ба имзо мерасад.
Ғайр аз ин, имзои созишномаҳо дар бахшҳои сохтмону коммуникатсия ва маблағгузории Ӯзбекистон ба сохтмони мактабу бемористон дар минтақаҳои Тоҷикистон низ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардида, дар он намояндагони муваффақи тиҷорати кишварҳо иштирок мекунанд ва дар доираи кори ҳамоиш қарордодҳо ба имзо мерасанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 126 млн. долларро ташкил дода, аз Ӯзбекистон ба кишвари мо ба маблағи 69 млн. доллар молу маҳсулот ворид шуд. Ҳаҷми содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 57 млн. долларро ташкил дод.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста