Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати омӯзиши зиёд кардани муҳлати ҳузури беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон дастур дод, хабар дод ба «Азия-Плюс» Владимир Норов, директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Ӯзбекистон.
Ба гуфтаи ӯ, зимни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе (9-10 март) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои ӯзбеки худ дархост намуд, ки масъалаи дароз кардани муҳлати будубоши беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя аз се шабонарӯз ҳадди ақал то як ҳафта мавриди омӯзиш қарор гирад.
«То ҷое ба ман маълум аст, Шавкат Мирамонович ба Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дастур дод, ки ин масъала мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар ояндаи наздик нисбати он қарор қабул шавад», - қайд кард Норов.
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 19 марти соли 2018 Созишномаи баимзорасида зимни сафари давлатии Мирзиёев «Дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон»-ро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон бидуни раводид метавонанд муддати то 30 рӯз дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар ҳузур дошта бошанд, вале агар сафар аз се шабонарӯз зиёдтар давом кунад, бояд худро ба қайд гузоранд.
Парлумони Ӯзбекистон алҳол ин созишномаро тасдиқ накарда, вале президенти ин кишвар то мавриди амал қарор гирифтани Созишнома, бо қарори худ аз 16 март ба сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон бидуни раводид иҷоза дод.
Шароити ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон низ бетағйир боқӣ монданд.
Барои убури марзи кишвари ҳамсоя шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шиносномаи хориҷӣ (дипломатӣ, хизматӣ, умумишаҳрвандӣ) бо худ дошта бошанд. Чун пешина тоҷикистониёне, ки ба Ӯзбекистон меоянд, уҳдадоранд, ки дар муддати 3 рӯз дар мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ худро ба қайд гузоранд.
Агар шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хешону пайвандон дошта бошад, метавонад бо суроғаи зисти онҳо худро ба қайд гузошта, дар ҳамин ҳл ба маблағи 5 доллар боҷ месупорад.
Агар шаҳрванди Тоҷикистон ба сифати сайёҳ (турист) ба Ӯзбекистон равад, ӯро бо суроғаи ҷойи зист дар меҳмонхона сабтином мекунанд ва дар ин ҳолат низ ӯ боҷи зикршударо пардохт мекунад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста