Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба муносибати пирӯзиаш дар маъракаи интихоботи президенти ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки Мардуми Озарбойҷон бо овоздиҳии худ дар интихобот бори дигар эътимоди олиашро ба сиёсати роҳандозишуда, ки ба шукуфоии бемайлони кишвар ва таҳкими обрӯю эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, нишон дод.
«Ба туфайли заҳмату талошҳои бисёрсолаи Шумо Озарбойҷон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии хеш ба комёбиҳои назаррас ноил гардид ва мо аз чунин дастовардҳои дӯстони худ сидқан хушнуд ҳастем», - омадааст дар барқия.
Дар барқия изҳори итминон мешавад, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон бар манфиатҳои ду кишвар дар солҳои оянда низ масири густариши нав касб карда, бо ин мақсад Тоҷикистон омода аст, ки дар якҷоягӣ бо Озарбойҷон тамоми талошҳои заруриро ба харҷ диҳад.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба маълумоти Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии (КМИР) Озарбойҷон, шумориши 94 дарсади раъй нишон додааст, ки Илҳом Алиев 86 дарсади овози мардумро соҳиб шудааст.
КМИР изҳор доштааст, ки дар интихобот 74,5 дарсади сокинони ҳаққи раъй ширкат карданд. Илҳом Алиев, ки соли 2003 сари қудрат омад, бори чаҳорум дар курсии президентӣ боқӣ хоҳад монд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста