Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини вазири корҳои хориҷии Умон Муҳаммад Ал-Зарафӣ дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, мулоқот дар остонаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд « Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дир гардид, ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо алоқамандии самимии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ баён намуданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати фаъол намудани равобити судманд, танзими табодули сафарҳо дар сатҳҳои гуногун ва ҳамкории намояндагиҳои дипломатии ду кишвар мувофиқи мақсад мебошад.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ, туризм баррасӣ намуда, ба зарурати тақвияти пояи шартномавию ҳуқуқӣ миёни ду кишвар таъкид намуданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста