Аз рӯи натиҷаҳои сафари сарвазири Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон се санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҳузури сарони ҳукумати давлатҳо Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев санадҳои зерин ба имзо расиданд:
- Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Россия оид ба шартҳои фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 дар шаҳри Кӯлоб;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии бақайдгирӣ, кадастр ва харитасозии Россия;
- Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии зиддиинҳисории Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз замони роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳо соли 1992, байни Тоҷикистон ва Россия ҳудуди 300 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии танзимкунандаи аксарияти соҳаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Санади муҳимтарини байнидавлатӣ – Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн ба ҳисоб меравад, ки 25 майи соли 1993 ба имзо расидааст.
Зимни нишасти хабарӣ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо Дмитрий Медведев сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода изҳор намуд, ки Федератсияи Россия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда,барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои савдо ва иқтисод Тоҷикистон аз ин ҳам иқтидори бузургро доро аст.
«Семоҳаи аввал гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Россия тақрибан 230 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, - гуфт ӯ. - Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 300 адад корхонаҳои муштарак дар соҳаи энергетика, истихроҷи маъдан, сохтмон ва тиҷорат фаъолият мекунанд.
Бино ба гуфтаии Қоҳир Расулзода, дар ҷараёни мулоқот масоили вобаста ба истиқомати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Россия мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо барои дар оянда андешидани тадбирҳои марбут ба тамдиди муҳлати буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон, содагардонии талабот ва гирифтани патент, инчунин вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, ибрози назар намуданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста