Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок мекунад.
Нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ санаи 6 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардида, дар он аз раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод дар соли 2018 натиҷагирӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.
Ғайр аз ин, дар нишасти ғайрирасмӣ сарони кишварҳо самтҳои асосии фаъолияти Иттиҳодро дар соли оянда муайян мекунанд.
Дар навбати худ, дар нишасти СААД дар Санкт-Петербург масоили бештар муҳими рӯзмарраи минтақавӣ ва байнулмилалӣ баррасӣ мешаванд, хабар дод манбаъ.
Тавре ВАО-и Русия менависанд, дар вохӯрии Петербург сарони кишварҳои узви СААД доир ба таъини дабири кулли нави Созмон ба хулосаи ниҳоӣ мерасанд. Дар ин бора қаблан президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба журналистон изҳри назар кард, хабар медиҳад Интерфакс.
Қобили зикр аст, ки қаблан Русия ба Ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки ба Шӯрои нозирони Ассамблеяи парлумонии СААД шомил гардад.
Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 пас аз имзои санади дахлдор дар Тошканд дар ин хусус таъсис дода шуд. Айни ҳамон ба ҳайати он Русия, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон шомиланд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста