Дар маросими ифтитоҳи нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии автомобилиии дуҷониба дар сарҳад миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки охири ҳафтаи сипаришуда доир гардид, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон Руслан Мирзоев ширкат варзиданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев.
Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар медиҳад, ин гузаргоҳ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ бунёд гардида, ҳоло он мутобиқ ба талаботи замонавӣ таҷдид ва бо техникаи муосир ва имконот барои ҷорӣ намудани хадамоти сарҳадӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Гузаргоҳи нав танҳо рӯзона фаъолият мекунад. Тариқи он танҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамчунин воситаҳои нақлиёти мутааллиқ ба ҳарду давлат равуо карда метавонанд.

Дар бораи кушодани гузаргоҳи гнав дар сарҳади кишварҳо зимни сафари давлатиии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд моҳи августи соли гузашта ва гуфтушуниди ӯ бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тавофуқ ҳосил шуда буд.
Марзбонони ҳарду кишвар мутмаинанд, ки ифтитоҳи гузаргоҳи нав ба рушди бештар устувори муносибатҳои дӯстона байни аҳолии минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат намуда, навбатпойиҳоро дар дигар гузаргоҳҳои сарҳад кам мекунад.
Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.
Аксари гузаргоҳҳо нимаи солҳои 2000-ум дар натиҷаи ба сардӣ гароидани муносибатҳои дуҷониба баста шуда, то аввали соли гузашта танҳо дутоаш - яке дар самти Турсунзода - Сариосиё ва дигаре дар самти Бӯстон – Бекобод фаъолият мекарданд.
Моҳи марти соли гузашта пеш аз сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳамаи 16 гузаргоҳҳои сарҳадии байни давлатҳо пурра ба фаъолият оғоз намуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста