Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 19 март муовини якуми раиси Ҳукумат, вазири молияи Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Антон Силуановро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид кард, ки Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои минбаъдаи афзалиятноки дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Россия аҳамияти махсус медиҳад.
Нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ду ҷониб, аз ҷумла созишномаҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва баррасии “Барномаи руши ҳамкории иқтисодии чонибҳо барои то соли 2021” барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии ду кишвар, афзоиши ҳаҷми гардиши мол муҳим арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки айни замон сохтори муомилоти молҳои мамлакатҳои мо “захираи ашёи хом” боқӣ мемонад ва мо бояд барои диверсификатсияи он кушиш ба харҷ диҳем. Дар ин робита пешниҳод гардид, ки бояд механизми содда кардани навъҳои дастрасии мол аз Тоҷикистон ба бозори Россия таҳия карда шавад. Ҳамкории фаъол дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак зарур шуморида.
Гуфта мешавад, Россия то ҳол шарики пешсафи иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта беш аз 1 миллиард доллари америкоиро ташкил дода, сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз 1,6 миллиард доллари америкоӣ боло рафт.
Ҷонибҳо барои ҳамкории фаъол дар соҳаи истихроҷу коркарди маъдан, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, энергетика ва комплексҳои кишоварзӣ, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ ва кредит, дар соҳаи нақлиёт, логистика, технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсия ва сайёҳӣ изҳори омодагӣ карданд.
Таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ аз мавзуъҳои дигар мулоқот буд, ки мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста