Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов, ки ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла шарикии минтақавӣ бо Ҷумҳурии Тотористон қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.
Бо назардошти шароит ва имкониятҳои мавҷуда соҳаҳои саноат, нақлиёту коммуникатсия ва комплекси агросаноатӣ аз самтҳои ояндадору тақвиятбахшандаи робитаҳои дуҷониба маънидод гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки бо сайъу талошҳои муштарак, хусусан робитаҳои мустақими доираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамгироии Тоҷикистон ва Тотористон ба сатҳу сифати беҳтар расонида мешавад.
Барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати нафту газ, коркарди маҳсулот, саноати вазнин, сабук, кимиёвию сохтмонӣ ва дорусозӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд.
Аз имконоти бузурги таъминоти бозорҳои Тотористон бо меваю сабзавот ва полизиҳои аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ёдовар шуда, ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Тотористонро дар соҳаи кишоварзӣ таъкид намуданд.
Баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Тотористон воситаи хуби густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, бахусус сармоягузорӣ, истеҳсолоти саноатӣ, комплекси логистикӣ ва агросаноатӣ, бонкдорӣ, муҳоҷират ва тандурустӣ маънидод гардид.
Барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ҳамчунин истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, бунёд ва таъмини фаъолияти паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон, таъсиси биржаҳои муштараки меҳнатӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибтаҷриба барои соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон зарур шуморида шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба имкониятҳои фаровони рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сайёҳӣ, илму маориф ва фарҳанг табодули афкор намуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста