Дар парлумони Қирғизистон имрӯз зимни баррасии муноқишаи чанде қабл рухдода дар марз бо Тоҷикистон баҳсу музокироти пурҷӯшу хурӯш сурат гирифт, хабар медиҳад агентии иттилоотии 24.kg.
Дар ҷаласаи пушти дарҳои пӯшидаи Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) вакил Каромат Орозова пешниҳод намуд, ки ба Оқ-Сой мақоми иншооти стратегӣ дода шавад. Ҳамчунин ӯ дархост намуд, ки шаҳрвандони осебдидаи кишвар зимни муноқиша дар марз Мирбек Ҷӯраев, Улуғбек Жониқулов ва Оқилбек Тӯйчиев бо медали “Данк” қадрдонӣ карда шаванд.
“Ман дархост дорам, ки давлат шахсонеро, ки бе аслиҳа сарҳадро ҳимоя мекунанд, аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд. Вақте мо он ҷо рафтем, мардум дар навбати аввал сулҳу суботро талаб карданд. Бар асари набудани чунин вазъ занон тифлони носолимро ба дунё оварда, ба бемориҳои рӯҳӣ гирифтор мешаванд. Мушкили сарҳадро таъҷилан ҳал кардан зарур аст”, - овардааст гуфтаҳои ӯро 24.kg.
Ӯ ҳамчунин пешниҳод намудааст, ки ба оилаҳои осебдида аз низоъ дар сарҳад дар ҳаҷми 300 ҳазор сом кумаки моддӣ расонида шавад.
Каромат Орозова хоҳиш кардааст, ки имконоти хадамоти марзбонӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурзӯр карда шавад. Вакил талаб кардааст, ки дар мавзеи Оқ-Сой мушкили таъминот бо об ва обёрии заминҳо ҳаллу фасл шуда, дар бунгоҳи тиббии маҳаллӣ шумори кормандони тиббӣ зиёд ва шуъбаи ҷарроҳӣ боз гардад.
Қобили зикр аст, ки дар Қирғизистон шаҳрвандоне бо медали “Данк” сарфароз гардонида мешаванд, ки дар хизмати давлатӣ, фаъолияти истеҳсолӣ, илмӣ-техникӣ, эҷодӣ, ҷамъиятӣ ва хайру эҳсонкорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида бошанд.
Ёдрас мекунем, ки муноқиша дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 13-14 март сурат гирифта, дар ҷараёни он 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва беш аз 20 тани дигар тоҷикистониён ҷароҳат бардоштанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста