Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошканд, ки дар он ҷо санаи 12 апрел баргузор намудани вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар буд, ба вақти дертар мавқуф гузошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ бо розигии сарони кишварҳо ба вақти дигар мавқуф гузошта шудааст.
“Санаи дақиқи вохӯрии пешбинишудаи сарони кишварҳои минтақа дар Тошканд алҳол маълум набуда, тариқи воситаҳои дипломатӣ муайян карда мешавад”, - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чунин шакл аз ҷониби президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни вохӯрии аввалини онҳо моҳи марти соли гузашта дар Остона пешниҳод гардида буд.
Он замон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки ҳар сол дар остонаи Наврӯз мулоқот анҷом диҳанд ва даъват намуд, ки соли 2019 дар Тошканд сарҷамъ оянд.
Ба қавли як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон, сол аз сол Наврӯз дар кишварҳои минтақа васеъ таҷлил гадида, нақшаи кории президентҳо ҳам дар ин шабу рӯз зиёд аст, аз ин сабаб, роҳбарони кишварҳои минтақа қарор карданд, ки на дар арафаи Наврӯз, балки пас аз он гирдиҳам оянд.
Ҳадафи мулоқоти навбатӣ рушди ҳамкории ҳамаҷониба байни кишварҳо дар соҳаҳои савдо, иқтисод, нақлиёт, алоқа ва фарҳанг мебошад.
Дар мулоқоти аввалини машваратӣ, ки 15 марти соли 2018 дар Остона баргузор шуд, роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва раиси Маҷлиси Туркманистон Акҷа Нурбердиев иштирок карда буданд.
Он замон Шавкат Мирзиёев изҳор намуда буд, ки имрӯз дар муносибатҳои ҳамҷавории чандинасраи кишварҳои Осиёи Миёна саҳифаи нав боз гардид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста