Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Русия раҳсипор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, раиси вилояти Суғд, Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, Президенти Академияи илмҳои ҶТ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардорони хадамотҳои гумрук ва зиддиинҳисорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони мактабҳои таълимашон бо забони русӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикиитон, қарордоду шартномаҳои нав дар соҳаҳои тиҷорату савдо, сармоягузорӣ, амният, фарҳанг ва ҳамкорӣ байни минтақаҳои давлатҳо дар назар аст.
Аз эҳтимол дур нест, ки дар гуфтушунидҳо масъалаи авфи шаҳрвнадони Тоҷикистон, ки қаблан барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати Русия аз ин кишвар ихроҷ шуда буданд, низ мавриди баррасӣ қарор гирад.
Солҳои наздик Русия барои сохтмони панҷ мактаби русзабон дар Тоҷикистон 6 миллиард рубл маблағ ҷудо мекунад. Барои бунёди ҳар кадоме аз мактабҳо ҷудо гардидани ҳудуди 1,2 млрд. рубл пешбинӣ шудааст. Мактабҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд.
Дар ҳар кадоме аз мактабҳо бо таҳсил фаро гирифтани 1200 нафар кӯдакон пешбинӣ мешавад. Мактабҳо бо ҳадафи пешбурд ва густариши фарҳанги мардуми Русия ва забони русӣ дар Тоҷикистон бунёд мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста