Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 апрел бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково - 2”-и шаҳри Москва баргузор гардид.
Дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт - зодагони Тоҷикистон, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом дод.
Гуфта мешавад, зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки бо дарназардошти иқомати аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Россия масъалаи ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия аз мавзӯъҳои калидии музокироту гуфтушунидҳо бо роҳбарони олии Россия мебошад.
“Намояндагони сохтору мақомоти давлатии дар Россия фаъолиятдоштаи Тоҷикистон вазифадоранд, ки ба муроҷиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ сари вақт вокуниш нишон диҳанд, онҳоро раҳнамоӣ кунанд ва ба мушкилоти ҳамватанони худ бетараф набошанд”, - таъкид дошт Сарвари давлат.
Дар фарҷоми суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро ба муттаҳиду сарҷамъӣ даъват намуда, хотиррасон кард, ки тоҷикистониён як Ватан – модар доранд.
“Ва дар куҷое, ки кору зиндагӣ мекунед, эътибору обрӯ ва шаъну шарафи миллатамонро нигоҳ доред, то тавонед, хубӣ кунед. Агар хубӣ аз дастатон наояд, ба дигарон зарар нарасонед ва номи миллати куҳанбунёди тоҷикро доғдор насозед”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста