Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар масоили ВАО Харле Дезир аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки дастрасӣ ба захираҳои инернетӣ (веб-ресурсҳо)-и сершумор, ВАО-и онлайн, шабакаҳои иҷтимоӣ ва хадамоти Google-ро дар ҷумҳурӣ барқарор намоянд, хабар дода мешавад дар сомонаи САҲА.
“Ман ба ҳукуматдорон бо даъвати ба шаҳрвандон таъмин кардани дастрасии пурра ва номаҳдуд ба ВАО ва хабаргузориҳои интернетии ҳам миллӣ ва ҳам байнулмилалӣ, инчунин шабакҳои иҷтимоӣ ва низомҳои ҷустуҷӯ муроҷиат мекунам. Бидуни дастрасии бемонеъа ба интернет озодии баёни ақида ва озодии иттилоот вуҷуд дошта наметавонад”, - гуфтааст Дезир.
Дар мавод зикр мешавад, ки муддати даҳ рӯзи охир дастрасӣ ба аксарияти замимаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо давра ба давра қатъ шуда, дар ҳамин ҳол, дастрасӣ ба интернет-браузерҳо номураттаб боқӣ мемонад. Сомонаҳои гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, ҳамчунин хабаргузории Avesta дастнорасанд.
Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, суръати интернети мобилӣ пас аз бекор шудани фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи боло бурдани арзиши интернет паст шуд. Дигар корбарон изҳор мекунанд, ки натанҳо суръати интернет, балки дар маҷмӯъ сифати алоқаи мобилӣ бад шуд.
Охири моҳи январ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ваъда дода буд, ки бо оғози фасли баҳор интернет дар ҷумҳурӣ арзонтар шуда, ҳаҷми хати гузариш (пропускной канал) то 50 гигабит дар як сония меафзояд.
Ширкатҳои мобилӣ итминон медиҳанд, ки дар суръати интернет ҳеҷ тағйире сурат нагирифта, сифати алоқа бар асари бозбинии тарифҳо бад шудааст. Ғайр аз ин, ба гуфтаи онҳо, суръати интернет ҳангоми истифодаи анонимайзерҳо (қулфшиканҳо) ё тавре мегӯянд, VPN поин меравад.
Дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаҳои иҷтимоии ҷумҳурӣ имрӯз менависанд, ки аз интернет бидуни васли VPN истифода мекунанд ва дастрасӣ ба мессенҷерҳову шабакаҳои иҷтимоӣ боз аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста