Дар шаҳри Бишкек таҳти раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон санаи 22 майи соли равон ҷаласаҳои Шӯроҳои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи аҳдномаи дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардиданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори ин ҷаласаҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.
Гуфта мешавад, роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲШ-ро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба ҳузур пазируфт.
Нимаи аввали рӯз ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ барпо гардид, ки дар доираи он тарафҳо рафти татбиқи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда ва омодагиро ба иҷлосияи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суханронии Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистон оид ба ҷанбаҳои асосии ҳамкориҳо дар доираи СҲШ баён гардида, масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ қайд карда шуданд.
Нимаи дуюми рӯз Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД иштирок кард.
Пас аз вохӯрӣ бо Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД масоили доғи соҳаи амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамкориҳои давлатҳои аъзо дар доираи Созмон ва дар арсаи байналмилалӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, инчунин дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи давлатҳои аъзои СААД-ро муҳокима намуданд.
Зикр мегардад, ки дар рафти суханронӣ зимни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иброз дошта, аз ҷумла ба вазъи ноором дар марзҳои ҷанубии минтақаи таҳти масъулияти СААД, махсусан дар ҳамсоякишвари Афғонистон ишора кард.
Ӯ ҳамчунин кӯшишҳои муштаракро ҷиҳати муборизаи самарабахш бо терроризм ва экстремизм, кам кардани таҳдидҳое, ки аз марзҳои ҷанубии Созмон сар мезананд, заруру арзёбӣ намуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста