Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск шоми рӯзи 29-уми май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Боздиди раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар Тоҷикистон рӯзи 30 май идома ёфта, қарор аст мавсуф бо роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом дода, аз чанд мавзеъи кишвари мо боздид ба амал орад.
Нахуст дар Қасри миллат маросими расмии истиқболи Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск баргузор гардида, сараввал мулоқоти хосаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Туск ва сипас мулоқоти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Итиҳоди Аврупо баргузор мешавад.
Раиси Шӯрои Аврупо Туск бо арзи эҳтиром ба арзишҳои волои миллати тоҷик дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад. Доналд Туск дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 май аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз боздид мекунад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари Шӯрои Аврупо, дар дидору гуфтушунидҳо масъалаҳои минтақавӣ ва ҳамкории дуҷониба, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва идораи марзҳо, инчунин амнияти минтақавӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста