Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати раиси Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин дар кори Форуми II байнулмилалӣ дар Маскав иштирок дорад.
Тавре ба “Азия-Плюс” ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода хабар дод, дар кори форум беш аз 800 нафар сиёсатмадорон аз 131 кишвари саросари ҷаҳон ширкат варзида, кори он 4 июл ба итмом мерасад.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи форум Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид доштааст, ки “равандҳои сартосарии ҷаҳонӣ (глобалӣ) воқеан роҳандозии шакли нави ҳамкории байнипарлумониро тақозо менамоянд”.
“Парламентаризми муосир ҳамчун ниҳоди аз ҳама бештар демократии намояндагии мардумӣ, ки ҳокимияти қонунгузор аст, ба назари мо, бо такя ба асосҳои ҳуқуқӣ бояд дар саросари дунё ба рушди тадриҷии ҷомеа мусоидат намуда, талошҳоро баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ, рафъи таҳдиду чолишҳои ташвишовар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муттаҳид созад”, - қайд кардааст Маҳмадсаид Убайдуллоев.
Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҳамчунин зикр намудааст, ки барои ҳаллу фасли мушкилоти сартосарии ҷаҳонӣ муттаҳид сохтани талошҳои ҳамаи давлатҳо зарур аст.
“Тоҷикистон ба сифати узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша фаъолона ҷонибдори сиёсати рушди таҳкими ҳамкории бисёрҷониба, амалисозии тадбирҳои ҳамаҷонибаи таҳкими эътимод дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ, экологӣ ва гуманитарӣ тариқи муколамаи созанда аст”, - илова кардааст Маҳмадсаид Убайдуллоев.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста