Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз дидору вохӯрии судманд бо Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев дар ҳошияи Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки моҳи июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҳар як мулоқоту вохӯрии сатҳи олӣ ва баланд ба рушди ҳамкорӣ ва дӯстии ду давлат мусоидат менамояд.
Гуфта мешавад, сарвазири Қазоқистон ба Президенти Тоҷикистон барои пазироии гарму самимии ҳайати расмии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, натиҷаҳои сафари расмияшро ба Тоҷикистон бобарор арзёбӣ кард.
Тавре таъкид гардид, Ҷумҳурии Қазоқистон дар муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мавқеи шоиста дошта, рушду густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо ин давлат дар авлавияти сиёсати хориҷии роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҷонибҳо аз афзоиши ҳаҷми савдои хориҷии байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, барои боз ҳам беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот муҳимияти истифодаи пурраи имконоту захираҳои мавҷударо, аз ҷумла дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи ҷалби бештари сармояи мустақим ба иқтисодиёти давлатҳо, таҳкими фаъолияти Шӯрои корӣ ва истифодаи самараноки майдони музокироту вохӯриҳои дуҷониба дар ҳама сатҳу зинаҳо барои амалисозии нақшаҳо дар ин самт баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон омодааст ба сармоягузорони ҷониби Қазоқистон як қатор лоиҳаҳои ояндадорро, аз ҷумла дар соҳаҳои агросаноатӣ, энергетика, саноати сабук, коркарду истихроҷи маъдан ва нақлиёту коммуникатсия пешниҳод намояд.
Доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои обу энергетика, комплекси сӯзишворию энергетикӣ, истифодаи имтиёзноки роҳҳои оҳану мошингард ва баҳрии Қазоқистон барои баромадан ба кишвари сеюм ва интиқоли молу маҳсулот ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли орд ва маҳсулоти нонӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.
Ҳарду ҷониб барои рушди бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳои афзалиятнок ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон дигар мавзуҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Эмомали Рахмон пригласил казахских инвесторов в Таджикистан
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста