Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини як қатор давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба Президенти Тоҷикистон дар ин рӯз сафирони навтаъиниҚазоқистон Аскар Таджибаев, Ҳиндустон Вираҷ Сингх, Покистон Имран Ҳайдар, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Меттию Лоусон, Гурҷистон Зураб Абдушелишвили, Ҷумҳурии Корея Кан Джэ-квон, Босния ва Гертсеговина Самир Веладзик, Колумбия Алфонсо Лопес Кабалеро, Австралия Грейм Михан ва Ҷумҳурии Федералии Демократии Эфиопия Гирма Тамесген Баркесса ба таманиёти неку шодбошии роҳбарони давлатҳояшон эътимоднома супориданд.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро барои оғози иҷрои вазифаи сафири давлатҳои худ дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори умеду боварӣ намуд, ки сафирони навтаъин дар фаъолияти самараноки дипломатиатии худ ба рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои воқеан дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва кишварҳояшон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Таъкид гардид, дар Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистоқлолӣ сиёсати фаъоли хориҷии дарҳои боз пеш гирифта шуда, барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо доираи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшишҳои пайваста ба харҷ дода мешавад.
Изҳори итминон карда шуд, ки сафирони навтаъин дар рафти иҷрои вазифаи сермасъулияти сафирӣ бо Тоҷикистон шиносоии бештару наздик пайдо карда, саҳми арзандаашонро дар таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ мегузоранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста