Зимни вохӯрии муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи суръатбахшии корҳои таъин ва аломатгузории хати марзи ду кишвар баррасӣ шуд.
Ин вохӯрӣ дирӯз дар шаҳри Ботканд пас аз тавофуқоти 11-уми октябр дар Ашқобод ҳосилшудаи байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков доир гардид.
Тавре хабаргузории kabar.kg иттилоъ медиҳад, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов зимни мулоқот оид ба суръатбахшии корҳои муайянсозии хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули назар карданд.
Онҳо қайд карданд, ки дар ин самт гурӯҳи кории доимо амалкунанда баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои мушаххас дар ҳалли ҳарчи зудтари таъин ва аломатгузории хати марз фаъолият хоҳад кард.
Роҳбарони ҳайатҳои Қирғизистону Тоҷикистон барои анҷоми корҳо дар доираи гурӯҳҳои амалкунандаи коршиносон оид ба масоили харитасозӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба кор шурӯъ кардаанд, супоришҳои мушаххас доданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста