Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24-уми октябр дар Кохи Борбад бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот кард.
Бино ба иттилои хадамоти мабуоти сарвари давлат, ҳадафи вохурӣ баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти кунунии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории ҳукумати кишвар бо ин ташкилоти калонтарини ҷамъиятӣ ва иштироки ниҳоди мазкур дар тадбирҳои ободонию пешрафти кишвар аст.
Иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаашон назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣ намоянд, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба қавли раисҷумҳур, Тоҷикистон аз соли 1993 узви комилҳуқуқи Ташкилоти Байнулмилалии Меҳнат буда, 51 конвенсия ва 22 тавсияи ин ташкилотро пазируфтааст. Ҳамаи ин санадҳо барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона шудааст.
Вай афзуд, ки бо таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва ислоҳоти идораи молия даромади буҷети давлат аз 6 миллиард сомонии соли 2009 ба 23,8 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд, яъне дар даҳ соли охир 4 баробар зиёд гардид.
Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти иштирок дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифаю салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монанд, - гуфт сарвари давлат.
Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадор аст, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд, - афзуд ӯ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста