Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нимаи аввали имрӯз бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тошканд меравад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар пойтахти Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии роҳбарони ҳукуматҳои мамолики аъзои Созмони ҳамкории Шонҳой (СҲШ) иштирок мекунад.
Дар доираи кори ҷаласа Қоҳир Расулзода як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ баргузор мекунад.
Дар назар аст, ки сарвазирони кишварҳои аъзои СҲШ-ро раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳузур мепазирад.
Дар ҷаласаи Тошканд баррасии густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобила бо мақсади ҳалли масоил оид ба ташаккули иқтисоди ҷаҳонии боз ва таҳкими низоми бисёрҷонибаи савдо, ки ба қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат асос ёфтааст, дар назар аст.
Дар ҷаласа сарвазирон оид ба амалисозии барномаи Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, саноат, молия, бахши кишоварзӣ, гумрук, телекоммуникатсия ва ғайра табодули назар мекунанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа тасдиқи регламенти консорсиуми марказҳои таҳлили иқтисодии СҲШ, имзои Тафоҳумнома байни котиботи СҲШ ва Созмони ғизо ва кишоварзии СММ ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайати СҲШ шомил буда, Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон дар он мақоми нозир доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста