Дар доираи сафар ба Ереван раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 4-уми ноябр бо раиси Маҷлиси миллии Арманистон Арарат Мирзоян дидору гуфтушунид кард.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Раиси парлумони Арманистон изҳор доштааст, ки ин кишвар ба густариши муносибатҳо бо Тоҷикистон дар ҳама самтҳо бо назардошти манфиатҳои тарафайн омода аст. Ӯ гуфтааст, ки дар муносибатҳои дуҷониба намояндагони парлумонҳо нақши хос доранд ва аз фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии вакилон изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Дар навбати худ Шукурҷон Зуҳуров ба истифодаи имконоти мавҷуда баҳри густариши муносибатҳо, бахусус, дар иқтисоду технологияҳои иттилоотӣ, ҳамчунин роҳандозии муколамаи фарҳангӣ ишора кардааст.
Ҷонибҳо ҷараёни мусбати муносибатҳои мавҷуда байни кишварҳоро таъкид дошта, ба истифодаи оқилонаи имконоти иқтисодӣ изҳори умед кардаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста