Бо вуҷуди мувофиқаи шифоҳии қитъаҳои баҳсии сарҳади ду кишвар, ки моҳи марти соли 2018 зимни сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳосил шуда буд, дар ин бора то ҳол санади ниҳоӣ ба имзо нарасидааст.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, баъд аз сафари давлатии Мирзиёев ба Душанбе гурӯҳҳои кории иборат аз геодезистону харитасозон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Ӯзбекистон ба анҷоми расмиёти ҳуҷҷатии шартнома дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳад оғоз карданд.
“То имрӯз лоиҳаи шартномаи мувофиқашуда дар бораи сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон барои имзо омода буда, ба он харитаҳо бо ишораи дақиқи хати сарҳади кишварҳо замима шудааст. Ба ҷуз ин, ҷойҳои гузоштани сутунпояҳои сарҳадӣ байни кишварҳо низ мувофиқа шудаанд”, - гуфт манбаъ.
Имзои шартнома аз ҷониби сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масоили марзӣ дар назар аст, ки баргузории он то охири соли равон дар Душанбе пешбинӣ шудааст.
“Бо назардошти он, ки 22-юми декабри соли 2019 дар Ӯзбекистон интихоботи парлумонӣ доир мегардад, ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ эҳтимол дар моҳи январ ё феврали соли 2020 гузаронида шавад”, - афзуд манбаъ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста