Дар шаҳри Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштараки барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барбадос баргузор гардид.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, Баёнияи муштаракро дар ин хусус Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Намояндаи доимии Барбадос дар СММ Элизабет Томсон имзо карданд.
Барбадос кишварест дар Вест-Ҳиндустон, ҷазираи ҳамном дар гурӯҳи Ҷазираҳои Антил воқеъ дар шарқи баҳри Кариб. Он дар наздикии қитъаи Амрикои Ҷанубӣ 434,5 километрии шимолу шарқи Венесуэла ҷойгир шудааст.
Кишварҳои наздиктарин ба Барбадос Сент-Люсия ва Сент-Винсент ва Гренадина. Масоҳати ҷазира 431 километри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, ба аввали моҳи августи соли равон Душанбе бо 173 кишвари саросари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ роҳандозӣ кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста