Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ба маъракаи интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки аввали баҳори соли оянда доир мегардад, фаъолона омодагӣ мегирад.
Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҲКТ Меҳроҷ Абдуллоев хабар дод, то имрӯз санаи дақиқи баргузории анҷумани пеш аз интихоботи ҳизб маълум набуда, эҳтимол он нимаи аввали моҳи декабри соли равон баргузор шавад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳизб дар анҷумани пеш аз интихобот ният дорад, ки аз рӯйи феҳристи ҳизбӣ на камтар аз 8 номзадро ба вакилии МНМО ҶТ пешбарӣ кунад.
“Ба ғайр аз ин, дастикам ду нафар коммунистон аз ҳавзаҳои интихоботи якмандатӣ иштирок мекунанд”, - афзуд Абдуллоев.
Дар маъракаи интихоботии аввали баҳори соли 2015 бори нахуст дар таърих Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфта, ин нокомӣ боиси ивази пешвои ҳизб гардид.
Меҳроҷ Абдуллокев 22-юми апрели соли 2017 раиси ҲКТ интихоб шуд. Ӯ пешвои сеюми Ҳизби коммунисти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон аз сентябри соли 1991 то июли соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов билоиваз Ҳизби коммунистро роҳбарӣ кард.
Моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи декабри ҳамин сол аз олам даргузашт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста