Дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамлаи ҷангиёни созмони даҳшатафкани “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ)-ро ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон шаби 5 ба 6 ноябр қотеъона маҳкум карданд.
Баъди ду ҳафта пас аз ҳуҷум СҲШ амалҳои сохторҳои қудратии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба ин амал комилан дастгирӣ кард.
“Ин ҳодиса зарурати амалҳои пайваста ва мунтазамро дар доираи Созмон оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла тақвияти муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳои терроризм ва ифротгароӣ тасдиқ мекунад”, - гуфта мешавад дар изҳороти рӯзи 19 ноябр нашршуда дар сомонаи Созмон.
Ба иттилои КДАМ Тоҷикистон, шаби 6-уми ноябр гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷум карданд. Тибқи маълумоти расмии сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона 15 нафар ҷангиён кушта, 5 нафар захмӣ ва асир гирифта шуданд.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар ин задухӯрди мусаллаҳона 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд. Намояндагони КДАМ таъкид дошта буданд, ки онҳо ҷангиёни ба ном “Давлати исломӣ” буда, аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон врид шудаанд.
СҲШ созмони байнулмилалиест, ки соли 2001 бо ташаббуси сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Соли 2017 Ҳиндустону Покистон низ ба узвияти Созмон пазируфта шуданд.
Давлатҳои Афғонистону Беларус ва Эрону Муғулистон кишварҳои нозири созмон ва Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои шарики Созмон мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста