Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28-уми ноябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла, дар минтақаи масъулияти Созмон афзун гардидааст.
Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо назардошти вазъи ба амаломада аз давлатҳои аъзои созмон тақвияти бештари ҳамгироӣ дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср тақозо мешавад.
“Соли оянда 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги ҷаҳонӣ ҷашн гирифта мешавад ва мо барои таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ дар чаҳорчуби СААД тамоми тадбирҳоро меандешем”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар хабари хадамоти матбуот қайд мешавад, ки дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД масъалаҳои вобаста ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, самтҳои асосии фаъолияти Созмон оид ба таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишварҳои аъзо баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин атрофи масоили самтҳои асосии фаъолияти Созмон оид ба таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишварҳои аъзо, муҳокимаи самтҳои калидии рушди вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон, таҳкими иқтидори СААД, афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои глобалию минтақавии амниятӣ ва андешидани тадбирҳои муборизаи дастаҷамъӣ бо онҳо, дарёфти роҳҳои амиқи мубориза ба муқобили терроризму экстремизми байналхалқӣ, идеологияи сиёсию динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои трансмиллӣ, инчунин вазъи нигаронкунандаи Афғонистон табодули назар сурат пазируфт.
Сарони давлатҳо беш аз 15 қарори дахлдори Шӯрои амнияти дастаҷамъиро доир ба ҳамгироии минбаъда имзо карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста