Рӯзи 15-уми декабр дар анҷумани пеш аз интихоботии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар Душанбе роҳбари амалкунандаи он, вакили парлумони Тоҷикистон профессор Олимҷон Бобоев истеъфо дод.
Ӯ сабаби истеъфоро синнусоли пирӣ маънидод кард.
“Дигар ба сиёсат машғул шуданӣ нестам, номзадиамро ба вакилӣ пешбарӣ намекунам ва роҳро барои ҷавонон боз мекунам”, - изҳор дошт ӯ дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс”.
Иқтисодчӣ, вакили амалкунандаи парлумони Тоҷикистон Рустам Қудратов дар анҷуман раис нави Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Дар анҷумани ҲИИТ ҳамчунин рӯйхати номзадҳои ҳизб аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тасдиқ шудааст, ки ба он 7 нафар аъзои ҳизб, аз ҷумла, раиси тозаинтихоб Рустам Қудратов дохил шудаанд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуд. Он айни замон наздики 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад. Дар интихобот ба палатаи поёнии парлумон, ки 1-уми марти соли 2015 доир гардид, 3 намояндаи ҲИИТ ба курсии вакилӣ нишастанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста