Нимаи дуюми рӯзи 23 декабр миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ ҷараёни рушди устуворро касб кардаанд, баррасӣ шуд.
“Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байнулмилалӣ ибрози назар намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ оид ба тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид карданд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар ин зимн Қосим-Жомарт Токаев аз раисҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Қазоқистон дар фурсати барояш муносиб даъват ба амал овард.
Дар идомаи суҳбати телефонӣ сарони ду кишвар ба муносибати фарорасии Соли нави 2020 мубодилаи табрикот карда, ба мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон некӯаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу намуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста