Муовини раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) Сарвиноз Маҷидова аз ҳавзаи интихоботии Бохтар-26 ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шудааст.
Тавре ба “Азия-Плюс” раиси созмони вилоятии ҲИИТ дар Хатлон Зафар Ализода иттилоъ дод, номзадии Сарвиноз Маҷидова, ки ҳамзамон корманди Академияи илмҳои ҶТ мебошад, рӯзи 6-январ дар конфронси созмони ҲИИТ дар шаҳри Бохтар пешбарӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки Маҷидова дар ин ҳавза бо номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидбурҳон Шарифов, сарвари литсейи касбию техникии №9-и шаҳри Бохтар, ки имрӯз, 9-уми январ дар конфронси маҳаллии ҲХДТ пешбарӣ гардид, вориди рақобат хоҳад шуд.
То ба имрӯз аз ҲХДТ дар 9 ҳавзаи интихоботӣ номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ пешбарӣ шудаанд: аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун-33 Гавҳар Шарофзода, Балхӣ-30 Ҳоким Холиқзода, Вахш -32 Бахтовар Сафарзода, Ёвон-29 Толибҷон Азимзода, Ҷомӣ-28 Гулбаҳор Ашурзода, Кӯлоб-39 Ҳакимзода Шариф, Муминобод-38 Саъдулло Раҳимзода, Данғара-36 Лутфия Абдухолиқзода ва Бохтар-26 Саидбурхон Шарифов.
Муқобили номзадҳои ҲХДТ то имрӯз танҳо Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар як ҳавзаи Бохтар-26 номзади худро пешниҳод кардааст.
Ба гуфтаи масъулини ҳавзаҳои интихоботӣ, ҳоло вақт ҳаст ва шояд ҳизбҳои дигари расман фаъолияткунандаи кишвар номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста