Дар Осорхонаи Jin Tai Art-и шаҳри Пекин бо ибтикори сафорати Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Чин ва Бунёди сулҳ ва рушди Чин маросими рӯнамоии лифофаҳои ҷашнӣ, ки ба муносибати 28-солагии равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нашр шудаанд, доир гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад, лифофаҳои ҷашниро Бунёди сулҳ ва рушди Чин ба муносибати рӯйдоди мазкур ба теъдоди 50 ҳазор дона нашр намуда, муаллифони мусаввараи рӯйи лифофаҳо “Рақс дар домони Помир” рассоми тоҷик Ғафур Ҷӯраев ва ҳамтои чинии ӯ Чэн Ҷян мебошанд. Дар он мусаввара гурӯҳи духтарони тоҷик дар тан либоси миллии чакан дар домони кӯҳҳои сарбафалаки Помир рӯйи чаман рақсу шодӣ доранд. Дар канори онҳо қуллаҳои барфпӯши кӯҳистон ва осмони нилгун ба назар мерасад.

“Асари офаридаи мусаввирони тоҷику чинӣ бозгӯйи он аст, ки халқҳои Тоҷикистону Чин бо ҳам дӯстони қарин буда, дар имтидоди Роҳи бузурги абрешим ҳамзистии осоишта доранд”, - зикр мешавад дар хабар.

Дар кунҷи дигари лифофаҳои ҷашнӣ тасвири “Пули тиллоии Роҳи абрешим” омадааст, ки ба қалами рассоми чинӣ Шу Юн тааллуқ дорад. Ба назари ӯ, ҳадаф аз тарҳ ва нашри лифофаҳои ҷашнӣ бунёди “пули фарҳангӣ” мебошад, ки Чинро бо дигар кишварҳои чаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон хоҳад пайваст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.