Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон дар робита ба ҳалокати теъдоди зиёди мардум бар асари заминларзаи шадид дар ин кишвар барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия қайд шудааст, ки “хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Туркия боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.
“Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии самимии хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайвандон ва наздикони қурбониён иброз дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, - омадааст дар барқия.
Тибқи маълумоти ахири Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии Туркия, заминларзаи шадиди 6,6-балӣ шоми ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар вилояти Элязик, воқеъ дар шарқи Туркия рух дода, бар асари он 29 нафар ҳалок ва 1466 нафар осеб диданд. Дастикам 43 касро аз зери харобаҳо зинда берун оварданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста