Дар Осло сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Норвегия (бо қароргоҳ дар Вена) Идибек Қаландар ба Шоҳи Норвегия Ҳаралди V эътимоднома супорид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат Идибек Қаландар ба Шоҳи Норвегия паёми шодбоши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонида, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Норвегия изҳор дошт.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба самтҳои муҳимми ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Норвегия дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Норвегия соли 1992 барқарор шудаанд. То инҷониб муносибатҳои дипломатии ду давлат танҳо бо мукотибаи дипломатӣ маҳдуд буда, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ дар марҳилаи бунёд қарор дорад.
Шоҳигарии Норвегия дар доираи Барномаҳои САҲА бо мақсади нобуд кардани аслиҳаи сабуки оташфишон ва лавозимоти муқаррарии ҷангӣ ба Тоҷикистон кумаки молиявӣ кардааст.
Рӯзи 6 августи соли 2010 «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти «Ёрии халқи Норвегия» дар бораи ҳамкории гуманитарӣ дар соҳаи безараргардонии минаҳо» баста шуд. Дар мувофиқат бо ин созишнома дар соли 2010 ҷониби Норвегия бо мақсади тозакунии майдонҳои минаи Тоҷикистон 7 млн. крон (1,06 млн. $) ҷудо кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста