Сокини шаҳри Панҷакент Иброҳимҷон Юсуфбеков ба унвони раисони палатаи болоӣ ва поёнии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода ариза фиристода, дархост намудааст, ки номзадии ӯро дар маъракаи интихоботи президентӣ ба қайд гиранд.
Бино ба иттилои хабаргузории Pressa.tj, дар аризаи худ Юсуфбеков навиштааст, ки ҳадафаш аз ширкат кардан дар интихобот истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ ва дастгирии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.
Иброҳимҷон Юсуфбеков корманди бахши фарҳанги шаҳри Панҷакент ва узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст.
“Ман узви собиқадори ҲХДТ ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳастам. Дар ҳама чорабиниҳои давлативу сиёсӣ ва фарҳангии шаҳри Панҷакент ва водии Зарафшон ширкат мекунам, - изҳор доштааст ӯ ба хабаргузорӣ. - Ман мехоҳам, ки ё Пешвои миллат ё фарзандашон Рустами Эмомалӣ ба сифати номзад дар интихобот пешбарӣ шаванд ва ман низ дар канорашон бошам. Баъд аз он ки корзори интихобот шурӯъ шуд, номзадии тарафдоронамро ба ин нафарон бубахшам”.
Ба гуфтаи Юсуфбеков, соли равон ӯ дар интихоботи парлумонӣ низ ширкат варзида, лекин ба палатаи поёнии парлумон роҳ наёфтааст.
Интихоботи президенти Тоҷикистон санаи 11 октябри соли равон таъин шуда, аз 7 ҳизби сиёсии дар ҷумҳурӣ амалкунанда то ин дам танҳо Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзодаро номзади худ пешбарӣ кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста