Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) рӯзи 23 август дар анҷумани ғайринавбатии худ раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзодаро ба мансаби президентӣ дар интихобот пешбарӣ кард.
Саидҷаъфар Усмонзода дар интихоботи президентии соли 2013 низ ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуда, лекин миқдори зарурии овозҳоро ба даст наоварда буд. Он замон ба ҷонибдории ӯ ҳамагӣ 1,02%-и интихобкунадагон овоз дода буданд.
Дар интихоботҳои парлумонии соли 2015 ва соли 2020 Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.
Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон 3-тоаш - Ҳизби аграрӣ (пешвои ҳизб Рустам Латифзода), Ҳизби сотсиалистӣ (раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров) ва Ҳизби демократ (раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода) номзадҳояшонро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ намуданд.
Номзадии раиси Ҳизби аграрӣ Латифзода бору дуюм ва раиси Ҳизби сотсиалистӣ Ғаффоров маротибаи сеюм пешбарӣ мешавад.
Дар назар аст, ки Ҳизби коммунист ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ аввали моҳи сентябр номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳизби мухолифи сотсиал-демократии Тоҷикистон то ҳол рӯзи баргузории анҷумани худро эълон накардааст. Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ рӯзи 21 август изҳор дошт, ки ташкилотҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии кишвар мухолифи иштироки сотсиал-демократҳо дар интихоботи президентӣ мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста