Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири Давлати Фаластин дар Тоҷикистон Луай Исса бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар ҳоли рушд қарор доранд ва Тоҷикистон ба густариши ин ҳамкориҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.
Гуфта мешавад, раиси Маҷлиси намояндагон аз таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламенти Давлати Фаластин ёдовар шуда, хостори бештари ҳамкориҳо шуд.
Сафири фавқуллода ва мухтори Давлати Фаластин ҷаноби Луай Исса аз раванди ободонию шукуфоиҳои кишвари Тоҷикистон ёдовар шуда, махсус таъкид намуд, ки мо воқеан ҳам бояд аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон сабақ гирем.
Ҷонибҳо ҳамчунин аз омода гаштани лоиҳаи 20 санади ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Давлати Фаластин изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ин маҷмӯи санадҳо Созишномаҳое мебошанд, ки 7 тои он дар арафаи тасвиб буда, 6 санади дигар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад.
“Боварӣ дорам, - гуфт Маҳмадтоир Зокирзода. - Ташрифи Шумо дар густариши муносибатҳои оянда, таъмини шарикии судманди байни кишварҳоямон, хулоса дар ҳамаи самтҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаластин саҳми арзанда мегузорад. Мо аз ҷониби худ омода ҳастем, ки дар таҳкими муносиботи байнипарлумонии кишварҳоямон ба хотири густариш ва равнақу шукуфоии ду миллати дӯсту бародар мусоидат намоем”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста