Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳо (АМИ)-и Тоҷикистон дар як матлабе, ки онро хабаргузории расмии Тоҷикистон “Ховар” нашр кардааст, гуфтааст, ки “ҷилави тақдири миллат дар дасти Эмомалӣ Раҳмон аст”.
Дар ин матлаб, ки “Эҳёи саразми бостон – эҳдои хиради Пешво” унвон дорад, Фарҳод Раҳимӣ аз саҳму талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашнгирии 5500-солагии Саразм, шаҳри қадимае дар канори шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ситоиш мекунад, ки дар аввали сентябр аз он таҷлил шуд.
Президенти Фарҳангистони Тоҷикистон бо ишора ба нақши Исмоили Сомонӣ дар таърихи тоҷикон аз донишманде иқтибос овардааст: “мардони бузурги таърих сарнавишти миллатҳоро таъйин мекунанд”. Ба дунболи ин Раҳимӣ навиштааст, ки “дар айёми тақдирсозу масъулиятбори истиқлол чунин як ҷавонмарди шуҷоъ ва хайрхоҳу поктинат Эмомалӣ Раҳмон ҷилави тақдири миллатро ба даст гирифт. Ин абармарди олами сиёсат бо хиради волою матонату иродати беназири хеш тавонист аркони истиқлоли тоҷиконро чунон устувору пойбарҷой намояд, ки дигар ҳаргиз «аз боду борон наёбад газанд”.
Дар ин матлаб Раҳимӣ Эмомалӣ Раҳмонро “ҷавонмарди табиатан фарҳангӣ” номида ва гуфтааст, ки “ба таърихи миллат таваҷҷуҳи махсусу ҳамешагӣ доранд”. Президенти Академияи улум ба нақши президенти кишвар дар ҷашнгирии 5500-солагии Саразм таъкид карда навиштааст, ки “Пӯшида нест, ки кашфи Саразм ва оғози ҳафриёти он ба давраи то истиқлол (аниқтараш ба соли 1976) рост омадааст, вале ҳамагон гувоҳем ва воқеияти бебаҳс он аст, ки ҳафриёти бовусъат ва ҳадафмандонаву натиҷабори ин мавзеи бостонӣ ба даврони Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ пайванд мебошад ва ташаббускори асосии эҳёи Саразм ва фарогир гаштани ҳафриёти он маҳз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд”.
Фарҳод Раҳимӣ дар ин матлабаш гуфтааст, ки саҳму талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафриёту ҷашнгирии Саразм ниёз ба таълифи як китоби ҷудогона дорад ва ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ ин китобро ҳатман нашр мекунад: “Сарвари давлати мо эҳёгар, ривоҷбахш, ғамхор ва посдори садоқатманду устувори Саразми бостонианд ва ба ин як пора марзи нодиру ифтихорангези Тоҷикистони азиз муҳаббату эҳтироми самимӣ доранд. Месазад, ки дар бораи корномаи Пешвои миллат ҳамбаста ба эҳёву омӯзишу таҳқиқу арҷгузории Саразми бостонӣ китобе таҳия ва ба чоп расонида шавад ва ин корро олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳатман ба сомон хоҳанд расонд”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста