Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи табрикӣ пирӯзии Ҷо Байден президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро табрик гуфт, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи шарикӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаву муҳтавои амалии онҳоро баланд арзёбӣ менамояд.
Дар идомаи барқияи табрикии худ Президенти Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст:
"Бо истифода аз фурсати муносиб изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар маснади олии Роҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Америка мо ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямонро дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рушди боз ҳам бештар хоҳем дод.
Омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин ҷода ва идомаи муколамаи созанда байни давлатҳоямон дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям.
Бо камоли самимият ба Шумо сиҳатии бардавому саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули минбаъдаатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти кишвари Шумо сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш таманно дорам».
Боёд гуфт, ки имрӯз Ҷо Байден аз сӯйи Коллеҷи интихоботии ИМА расман пирӯзи интихоботи ин кишвар эълон шуд. Ҷо Байдени 78-сола паси аз эълони расмии пирӯзияш дар як суханронӣ барандаи интихобот шуднашро "пирӯзии демкоратия" унвон кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста