Қоҳир Расулзода дар дидор бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои олии мусолиҳаи милли Афғонистон гуфтааст, ки аз талошҳои сулҳи Афғонистон ҳимоят мекунам. Ин нуктаро худи Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар саҳфаи расмияш дар Фейсбук нашр кардааст.
Ба гуфтаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ Қоҳир Расулзода гуфтааст, ки "Афғонистон аз дӯстон ва муттаҳидони Тоҷикистон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон ҳимоят мекунад ва сулҳ дар Афғонистонро сулҳу субот дар Тоҷикистон ва минтақа медонад".
Ҳамчунин дар ин дидор Қоҳир Расулзода изҳори умедворӣ кардааст, ки талошҳои сулҳи Афғонистон натиҷаи матлубе биёваранд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо як сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ имрӯз ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳам дидор дошт.
Қарор аст фардо, 22-юми декабр бо Эмомалӣ Раҳмон дидор кунад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ қабл аз сафараш дар саҳфаи расмии фейсбукаш навишта буд, ки ин сафараш бо даъвати расмии ҷониби Тоҷикистон сурат мегирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста