Худоёр Худоёрзода, вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон, ки тобистони имсол ба гуфтаи мақомот қасди худкушӣ карда буду худро корд зад, муовини директори ширкати IRS дар умури нигаҳдории роҳ шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матуботии ширкати мазкур, фармони Худоёр Худоёрзода рӯзи 22 октябри соли 2020 дар ин мақом тасвиб шудаааст
Бояд гуфт, ки субҳи рӯзи 11 август Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзодаи 62-сола дар заминаи муноқишаи оилавӣ қасди худкушӣ карда буд. Баъдан бар пайи ин ҳодиса ӯ аз мақомаш барканор гардид, вале далели барканорияш "бо сабаби ба нафақа баромадан" гуфта шуд.
Бино ба иттилои Додситонии кулл, он замон ӯ дар хонаи истиқоматии худ воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ зада буд. Тибқи ҳамин иттилоия, ҳамсару пайвандонаш аз ҳодиса хабардор шуда буданду ӯро наҷот доданд ва чанд рӯзе ҳам дар бемористони Истиқлол бистарӣ шуда буд.
Қобили зикр аст, ки Худоёр Худоёрзода аз соли 2017 то 2020 ба ҳайси вазири нақлиёти Тоҷикистон фаъолият дошт. Худоёр Худоёрзод соли 1958 дар ноияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шудааст. Дар гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2013 то 2017 ба ҳайси раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ низ фаъолият кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста