Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳам мулоқот хоҳанд кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ ин мулоқот маҷозӣ буда, қарор аст имрӯз, 7-уми январи соли 2021 баргузор шавад. Вазорат дар мавриди чигунагии ин нишаст ва масоили дар он гузориш надода, танҳо гуфтааст ин мавзуъ дар мулоқоти рӯзи 4-уми январи сафири Тоҷикистон дар Кобул Саъдӣ Шарифӣ бо вазири хориҷаи Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баррасӣ шудааст.
Вазорати хориҷиа нишасти маҷозии сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро яке аз мавзуъҳои вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Кобул дониста гуфтааст, ки рӯзномаи он бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон баррасӣ шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳам дар як хабарномаи нашркарда дар саҳфаи расмии интернетияш гуфтааст, ки "Шарифӣ дар мавриди омодагиҳои кишвараш перомуни роҳандозии нишасти сеҷониба миёни Афғонистон, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба оқои Атмар маълумоти муфассал дод".
Аммо вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳам дар мавриди ҷузъиёти ин нишаст чизе нагуфтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста