Нилуфар Кӯфӣ, намояндаи мардуми вилояти Кундуз дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон гуфтааст, ки дар сафари ахире, ки тими порлумонии кишвараш ба Тоҷикистон дошт, мақомҳои Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки консулгарӣ дар Кундузро дубора боз мекунанд.
Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин мавзуъро ба "Азия-Плюс" шарҳ надод, ки оё дар ҳақиқи ин консулгарӣ дубора боз мешавад ё не.
Нилуфар Куфӣ дар суҳбат бо Аҷмал Кокар, хабарнигори хабаргузории "Пажвок"-и Афғонистон дар Кундуз гуфтааст, ки бозкушоии консулгарӣ дар Кундузро масъулини Тоҷикистон ваъда карданд.
Бозкушоии консулгарӣ дар Кундузро моҳи майи соли 2017 вазири вақти корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ низ зимни як дидор бо ҳамтойи тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин дар Душанбе, дар доираи ҳузур дар нишасти 23-юми Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЕКО) матраҳ карда буд.
Консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Кундуз ва Файзободи Афғонистон дар моҳи феврали соли 2016, баъди суқути аввали ин шаҳр ба дасти "Толибон" баста шуданд. Дар моҳи июли ҳамон сол консулгарии Тоҷикистон дар Файзобод дубора ба фаъолият оғоз кард, аммо намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Кундуз то ба ҳол баста аст.

Он замон вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баста шудани ин ду консулгариро шарҳ дода ва гуфта буд, ки бинобар вазъи ноором дар шимолӣ Афғонистон, ин ду намояндагии дипломатӣ ба таври муваққатӣ баста шуда ва дар сурати ором шудани вазъият, дубора ба фаъолияти худ оғоз хоҳанд кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳадаф аз баста шудани ин намояндагиҳоро "ба хотири эҳтимоли таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандони консулгариҳои Тоҷикистон дар Файзобод ва Кундуз", рабт дода буд.
Дар иттилоияи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ҷумла гуфта мешуд, ки консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Кундуз яке аз аввалин биноҳое буд, ки дар ҳамлаи Толибон дар 28-уми сентябри соли 2015 мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифта буд. Ҳамчунин дар ин иттилоия ба ҳуҷуми мусаллаҳона ба консули Тоҷикистон дар Бадахшон Рустам Маҳмудӣ ишора шуда буд, ки дар таърихи 16-уми майи соли 2014 мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта ва захмӣ шуда буд.
Тоҷикистон ба иловаи сафораташ дар Кобул, дар ҳоли ҳозир консулгариҳои худро дар шаҳрҳои Файзобод ва Мазори Шариф дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста